Кумак ба сокинони зарардидаи панҷ деҳаи Ҳисор (ВИДЕО)
Чоп шуд: 07/06/2021 | redaktor
4-уми июни соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 39 хоҷагии ҷамоатти деҳоти ноҳияи Ҳисор, ки 11 майи соли ҷорӣ аз сел зарар дида буданд, кумак расонд.
Ин ёриҳо аз маводи ғизоӣ, ашёи ниёзи аввал, кӯрпаҳо, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об, ҳабҳои поксозии оби нӯшокӣ ва ғайра иборат буданд.