видео

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи РЕАКТ ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд. Ширкаткунандагон ба фаъолияти муштарак дар коҳиши хатари офатҳо таъкид карданд (ВИДЕО)

19 апрели соли 2021 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу бо иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва...

Мулоқоти генерал Назарзода бо сарвари тозатаъини намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

19 феврали соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари нави Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Олсавски мулоқот  кард.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита ҷаноби Олсавскиро...

Мизи мудаввар бахшида ба 110 – солагии пайдоиши кӯли Сарез (ВИДЕО)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор гардид. Мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд.

Бузургтарин инфиҷор ва сӯхтор дар Ҳироти Афғонистон. 500 мошин хокистар шуд, беш аз 70 нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Ин ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад. Мақомот мегӯянд ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад.

Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард (ВИДЕО)

Лағжиши як пирях дар иёлоти Уттаракҳанд воқеъ дар шимоли Ҳинд муҷиби ҳалокати 14 нафар ва бенишон шудани 145 нафар шуд. Дар хабаре, ки ахиран пулиси минтақавӣ интишор додааст, омадааст, ки то ин лаҳзаҳо 15 нафар наҷот дода шуданд ва ҷасади 14 танро аз зери тарма берун оварданд.

“Ин ҳодиса хеле зуд рух дод ва ҳатто фурсате...

Страницы