Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор гардид. Мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, идораҳои кишвар, Академияи илмҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, инчунин сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат варзиданд. Ҷаласа инчунин дар низоми онлайн баргузор гардид.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва системаи огоҳкунии барвақтӣ дар ҳолати фавқулодда маълумот дод.
Дар ҷараёни чорабинӣ доираи васеи масъалаҳои марбут ба кӯли Сарез баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиён тавассути рӯнамоиҳо дар бораи таърихи кӯл, системаи огоҳкунии бармаҳал, дар бораи мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар бораи системаи нави огоҳии барвақтӣ, ки моҳи августи соли 2021 ба кор медарояд ва минтақаи фарогирии онро дар сарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки дар айни замон системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (сиренаҳо, алоқаи радио) то минтақаи Рӯшон насб карда шудааст.
Ҳадафи асосии ҷаласа татбиқи минбаъдаи тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирӣ аз рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез ва интихоби роҳи ҳалли дарозмуддат дар асоси натиҷаҳо ва тавсияҳои лоиҳа оид ба коҳиш додани хатари рахнашавӣ мебошад, инчунин баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти илмии 20 соли охир дар ин замина буд.
МАЪЛУМОТНОМА: Кӯли Сарез дар баландии 3263 метр ҷойгир аст. Масоҳат 79,6 км², дарозӣ 55,8 км, паҳно 3,3 км, умқ то 500 м.Кӯл дар натиҷаи баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб, бар асари заминларзаи 18 феврали соли 1911 ба вуҷуд омадааст.
БОЗ ДАР ИН БОРА: