Activities calendar

22 феврали 2021

Пирӯзии тими КҲФ дар футболи хурд ва шатранҷ дар бозӣ бо тимҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар

Аз 17 то 20 феврали соли 2021, дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор шуд.

16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳи Хоруғ – Ишкошим. Тарма ва сангрезиш роҳро муваққатан баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Чунончӣ, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 112 миллион наздик мешавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси корона дар оламро  111 миллиону 970 ҳазору 286 ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 478 ҳазору 354 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 667 нафар сироят шуданд ва 2 592 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 87 миллиону 340 ҳазору 455 буда, ҳоло 94 183 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Ҳалокати падару писар дар як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Як мошини бензинкаши тамғаи “Дулан” дар километри 64,100 шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронанда ва мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 20 феврал соати 15:40  дақиқа рух додааст ва сабаби он аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.