Аз 17 то 20 феврали соли 2021, дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор шуд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, футболи хурд, гӯштии миллӣ, тирпаронӣ, ҷаҳидан ба баландӣ ва шатранҷ баргузор шуд.
Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамаи намудҳои варзиш фаъолона иштирок намуда, дар футболи хурд ҷои аввал, инчунин ҷоизаи дуюмро дар шатранҷ ишғол карданд.
22 феврали соли 2021 дар толори консертии «Суруш» -и пойтахт муовини раиси шаҳри Душанбе Муини М. дар як маросими бошукӯҳ ба дастаи футболи КҲФ Ҷом ва дипломро аз номи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Инчунин ғолибони мусобиқаи шатранҷ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Тими КҲФ-ро барои пирӯзӣ ва дастовардҳо муборакбод мекунем ва бовар дорем муваффақиятҳои варзишӣ ва омодагии аъло ҳамеша дастаи моро ҳамроҳӣ мекунанд.