Activities calendar

08 феврали 2021

Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард (ВИДЕО)

Лағжиши як пирях дар иёлоти Уттаракҳанд воқеъ дар шимоли Ҳинд муҷиби ҳалокати 14 нафар ва бенишон шудани 145 нафар шуд. Дар хабаре, ки ахиран пулиси минтақавӣ интишор додааст, омадааст, ки то ин лаҳзаҳо 15 нафар наҷот дода шуданд ва ҷасади 14 танро аз зери тарма берун оварданд.

“Ин ҳодиса хеле зуд рух дод ва ҳатто фурсате...

Нигарониҳои сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз тақсими ноодилонаи воксанҳо дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус мегӯяд шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд. Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд.  Маркази хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пахши ин хабар ин суханони Тедрос Гебрейесусро иқтибос овардааст: “Дар баъзе кишварҳо аллакай қисмати бештари...

COVID-19: Шумори олудашудагон ба вируси корона дар олам аз 106,6 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 106 миллиону 696 ҳазору 325 нафар ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 327 ҳазору 535 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 118 ҳазору 060 нафар мубтало шуданд ва 2 741 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 78 миллиону 531 ҳазору 336 нафар буда, ин шабу рӯз 104 ҳазору 265 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.