Activities calendar

18 феврали 2021

Мизи мудаввар бахшида ба 110 – солагии пайдоиши кӯли Сарез (ВИДЕО)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор гардид. Мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд.

Тӯфони шадиди зимистонӣ дар Амрико: Қатъи неруи барқ шумори фавтидагонро зиёд кард

Тӯфони басо шадиде, ки бо барфи шадид ҳамроҳ буд, зиндагиро дар иёлотҳои ҷанубии ИМА ба мушкил рӯ ба рӯ сохт ва то кунун сабаби марги ҳаддиақал 21 нафар шуд ва миллионҳо нафарро бе неруи барқ гузошт. Хонаҳо сард, кӯчаҳо пур аз барф, сармо ва боди шадид. Аз ин офат бештар аз дигар иёлот Техасс ҷабри зиётар дид. Ин ҳамон иёлотест, ки  маъмулан системаи энержии он тавони бардошти истифодаи ногаҳонии беш аз