Тӯфони басо шадиде, ки бо барфи шадид ҳамроҳ буд, зиндагиро дар иёлотҳои ҷанубии ИМА ба мушкил рӯ ба рӯ сохт ва то кунун сабаби марги ҳаддиақал 21 нафар шуд ва миллионҳо нафарро бе неруи барқ гузошт. Хонаҳо сард, кӯчаҳо пур аз барф, сармо ва боди шадид. Аз ин офат бештар аз дигар иёлот Техасс ҷабри зиётар дид. Ин ҳамон иёлотест, ки маъмулан системаи энержии он тавони бардошти истифодаи ногаҳонии беш аз меъёрро надорад.
Бар асари сармо дар иёлотҳои Техасс, Луизиана, Кентукки, Каролинаи Шимолӣ ва Миссури одамон ҷон бохтанд. Бино ба гузориши обуҳавосанҷон шиддати тӯфон бегоҳии дирӯз дар Техасс коҳиш ёфт. Аммо ҳамоно интизор меравад, ки ин сармои шадид ва ин тӯфону барфрезиҳо муддати чанд рӯзи дигар идома мекунад. Бино ба омори расмӣ ҳоло 71% қаламрави Амрико барфпӯш аст.
Тӯфони барфӣ ҳатто ба қисмати шимолӣ ва марказии Мексика таъсири сахт расонд. Аз қатъи неруи барқ миллионҳо нафар сокинон дар азоб мондаанд.
ВВС дар гузориши худ ин иқтибосро аз навиштаи Крис Принс дар Твиттер меорад: “Ман ҳоло дар Хюстонам. Ҳаво ба ҳадди марговар сард аст. Барқ нест, оби гарм надорем, хонаҳо сарданд. Боз ин ки ман кӯдакони хурдсол дорам. Чӣ гуна мо метавонистем ба ин ҳол расем”. "
Як мақомдори бахши интиқоли неруи барқ аз иёлоти Техасс дар суҳбат бо Си-эн-эн гуфтааст, ки дар минтақа бебарқӣ эҳтимолан то рӯзи панҷшанбе идома кунад. Бино ба таҳлилҳо мо имкони он вуҷуд надорад, ки минтақа комил бо барқ таъмин шавад. Иқтидори он намерасад”.
Аксари касоне, ки дар ин сармо ҷон доданд, бар асари ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумлаи яке аз ин сабабҳои садмаҳои автомобилӣ буданд ва истифодаи гармкунакҳои мошинҳо дар хонаҳо буд.
Гуфта мешавад, ки чор нафар бар асари оташ гирифтани хонаҳояшон дар Хюстон ҷон бохтаанд, аммо иллати ин сӯхторҳо дақиқан м аълум нест.