ДОНИШ:Тӯфони геомагнитӣ ё хуршедӣ чист?
Чоп шуд: 07/02/2021 | redaktorТӯфони геомагнитӣ ё тӯфони хуршедӣ як ошуфтагӣ ё худ дарҳаму барҳам шудани майдони геомагнитӣ буда, метавонад аз чанд соат то чанд рӯзро дар бар гирад. Онҳо аз ларзиши мавҷи боди хуршедӣ ва таъсири он ба магнитосфераи Замин ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъсири боди хуршедӣ ба магнитосфераи Замин ҷараёни ҳалқавие, ки дар камарбандҳои радиатсионӣ вуҷуд доранд пурзӯр мешавад.