Activities calendar

19 феврали 2021

Роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи марказ

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, пешгирӣ ва сари вақт бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ  дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар доираи барномаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда машқҳои махсуси тактикии махсуси нақшавӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар давоми он корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳо да

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу боронҳо ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Борон меборад, дар кӯҳҳо ва минтақаҳои назикӯҳӣ барф мерезад.

COVID-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки то охири моҳи феврал ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани AstraZeneca/Oxford ворид хоҳад кард

Дар олам 110 миллиону 840 ҳазору 990 нафар олуда ба коронавирус шуданд ва аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 452 ҳазору 623 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 141 ҳазору 530 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштанд ва аз он 5 505 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 85 миллиону 791 ҳазору 347 нафар эълон шуд ва дар айни замон 95 684 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Боздидҳо дар қисмҳои низомӣ

Ҷиҳати шарҳу эзоҳи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини Дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Кумита вохӯриҳо ва суҳбатҳои муфиду судманд гузаронида шуд.