Роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи марказ

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, пешгирӣ ва сари вақт бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ  дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар доираи барномаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда машқҳои махсуси тактикии махсуси нақшавӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар давоми он корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хатарноки дарёҳо роҳандозӣ мешаванд. Барои ин мақсад аз захираи раиси Кумита 1000 литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.

Чунончӣ, дар селроҳаҳои шаҳри Ваҳдат (деҳаи Наврӯз, ҷамоати Н.Розиқ, дарёи Симиганҷ), ноҳияҳои Рӯдакӣ (деҳаи Гулобод, ҷамоати Зайнабобод) ва Варзоб (деҳаи Меҳробод, ҷамоати Чорбоғ) чорабиниҳои муҳандисиву техникии омода намудани каналҳо, дарёҳо, сойҳо барои бемонеа роҳ додан ба ҷараёни гузашти сел ва роҳ надодан ба зери об мондани заминҳо дар айёми боронҳои шадиди баҳорӣ гузаронида шуданд.

Ин корҳо аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита якҷо бо мутахассисони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ бо ҷалби аҳолӣ ва шуъбаҳои КҲФ дар минтақаҳои ёдшуда ба роҳ монда шуданд.

Дар айни замон дар қитъаҳои хатарноки соҳилҳои дарёи Симиганҷ (200 метр) ва селроҳаи Гулобод ва Меҳробод (200 метр) корҳои тозакунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд.

Барои сари вақт расонидани иттило дар бораи таҳдиди вазъияти фавқулодда дар минтақаҳои ба сел осебпазир, дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуданд.

Дар се рӯз барои тоза кардани лой ва сангҳо, инчунин мустаҳкам кардани соҳилҳо ва васеъ намудани ҷараёни об дар ҷойҳои танг корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар баъзе минтақаҳо аҳолӣ дар корҳо бо усули ҳашар иштирок мекарданд.

Корҳои ободониву соҳилбандӣ дар минтақаҳои осебпазир идома доранд.

барчасп: