Дар олам 110 миллиону 840 ҳазору 990 нафар олуда ба коронавирус шуданд ва аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 452 ҳазору 623 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 141 ҳазору 530 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштанд ва аз он 5 505 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 85 миллиону 791 ҳазору 347 нафар эълон шуд ва дар айни замон 95 684 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Ҳукумати Олмон барои механизми COVAX дар соли 2021 1,5 миллиард евро ҷудо мекунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Мааса дар суханронии омодакардааш ба ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ ибрози назар кардааст. Вай хотиррасон кардааст, ки Олмон аллакай аз оғози лоиҳаи АСТ Accelerator 600 миллион ҷудо кард, ки ин имкон медиҳад аз монополияи табобати COVID-19 дар кишварҳо мутараққӣ пешгирӣ кунад.
Пештар аз ин Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус гуфта буд, ки тақсими воксан аз коронавирус миёни ширкаткунандагони механизми COVAX метавонад моҳи феврал оғоз шавад. Кишварҳои ширкаткунанда соли 2021 2 миллиард дозаи воксани зидди ин вирусро дарёфт хоҳанд кард.
18 феврал дар институти тандурустии ҷамъиятии Норвегия дар бораи кашфи мутатсияи нави коронавирус иттило доданд.
Кормандони озмоишгоҳи Vita Laboratoriot дар Финландия гунаи нави SARS-CoV-2 –ро меомӯзанд. Ин штамм дар доираҳои илмии ин кишвар Fin-796H номида шуд. Ҳоло кормандони озмоишгоҳ дараҷаи зарарасонии он ва ҳадду марзи сироят ва муқовимати вай ба воксанҳоро меомӯзанд.
Ҳукумати Ҷопон имкониятҳои тамдиди низоми ҳолати фавқулодаро ба сабаби афзоиши уфунати коронавирус меомӯзад.
Дар Чин шабонарӯзи гузашта 11 ҳолати нави висрусҳои “воридшуда” ба қайд гирифта шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин миён ягон нафар аз дохил сироят нашуда буд.
Ӯзбекистон ба қароре омад, ки воксани чинии Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical-ро дар қаламрави худ тавлид кунад. "Anhui Zhifei Longcom” бо назардошти ҳисса ва талошҳои ин кишвар Ӯзбекистонро ҳаммуаллифи ин воксан эълон кард. Рӯзи чоршанбе хабар дода мешуд, ки Ӯзбекистон воксани русии "Спутник V"-ро ба қайд гирифт ва тасмим гирифт, ки як миллион доза аз воксанро харидорӣ кунад.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва шарикони вай дар барномаи харид ва тақсими воксани зидди коронавирус ба қароре омаданд, ки ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани AstraZeneca/Oxford ворид кунанд. Қарор аст аввалин бастаи ин воксан охири моҳи феврал ба Тоҷикистон ворид карда шавад.