Коронавирус nCov

COVID-19: Мубталоён ба короно дар Русия ба 2337 нафар расиданд

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 500 нафари дигар гирифторони короновирус ба қайд гирифта шуданд. Ситоди фаврии Русия хабар дод, ки ин теъдод сироятёфтагон дар 24 минтақаи кишвар кашф шудаанд. То кунун дар Русия 2337 нафар чун мубталоён ба короновирус сабти ном шуданд. Бори аввал дар вилоятҳои Архангелск ва Магадан сироятёфтагон ба короно ба қайд гирифта шуданд.

Нишонаҳои короновирус кадомҳояд? Видеои омӯзишӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интишори наворҳои омӯзишии видеоӣ, ки ба дарки дурусти қоидаҳои бехатарии фардӣ ва ҷомеа аз хатари короновирус мусоидат менамоянд, идома медиҳад. Ин наворҳо бидуни шак беҳтарин василае мебошанд, ки риояи қоидаҳои бехатариро таблиғ мекунанд ва риояи онҳо хатари сироят ба ин вируси кушандаро коҳиш

Дармонҳо ба короновирус. Эрониҳо ва русҳо пештози дорусозӣ

Короновирус аз охири соли гузашта аз шаҳри Вуҳони Чин сар берун кард ва ҳамакнун беш аз ними оламро фаро гирифт. Чин эълон кард, ки кулли беморонашро муолиҷа кардааст ва ҳоло сироятшудагон хеле кам мондаанд. Амрико, кишварҳои Аврупо ҳоло даргир бо ин вирусанд ва танҳо коре, ки тавонистанд анҷом диҳанд, дар карантин нигоҳ доштани сокинон аст. Дар чанд мамлакати олам воксани зидди ин вирус мавриди

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: аз доруҳои тайидношуда дар таботаи короно истифода накунед

Хабаргузории Reuters  иттило медиҳад, ки Тедрос Аданом Гебреисус - Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  аз кулли кишварҳои олам хостааст, аз доруҳое, ки таъсири онҳо бар бемории COVID-19 таъйид нашудааст, истифода накунанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд Тедрос Аданом  шомгоҳи ҷумъа дар як конфронси хабарӣ дар Женева, бо таваҷҷӯҳ ба густариши ҷаҳонии вируси короно гуфтааст, ки ин беморӣ то кунун беш аз

Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати эҳтимолии эълон гардидани вазъияти фавқулодда

Сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳолати эҳтимолии вазъи фавқулода хабар дод. Дар ин хабар, ки субҳи имрӯз нашр шудааст, омада, ки 27 марти соли равон дар назди  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед  ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии Нақшаи чорабиниҳо доир...

Страницы