Сеюмин шабонарӯз аст, ки дар Русия беш аз 40 ҳазор сироятшудаи нав ба COVID-19-ро ба қайд мегиранд

COVID-19

Бино ба гузоришҳои расмӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар Русия дар ҳоли афзоиши бесобиқа аст. Шабонарӯзи гузашта 46 ҳазору 452 мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуд. Аз моҳи марти соли равон ин аввалин бор аст, ки шумори гирифторони шабонарӯзӣ ба ин вирус аз 40 ҳазор боло меравад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 3912 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд. Шабонарӯзи гузашта аз COVID-19 81 нафар ва рӯзе пеш 71 нафар фавтиданд.

Бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то 26-уми августи соли равон дар олам 599,38 миллион нафар олудагон ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Аз аввали пандемия бар асари сироят ба ин вирус дар ҷаҳон 6 миллиону 481 ҳазору 926 нафар ҷон бохтанд. 

Дар Русия сатҳи гирифторӣ ба коронавирус аз аввали моҳи июл оғоз шудааст. Роспотребнадзор дар гузорише гуфтааст, ки шумори мубталоёни нав меафзоянд, вале аксаран онро сабук пушти сар мекунанд.

Ин созмон ба минтақаҳо дастур додааст, ки агар афзоиши мубталоёни шабонарӯзӣ аз 50 то 100 ҳазор нафар афзоиш ёбад, пас ҳатман сокинон бояд бо ниқоб гардиш кунанд.