Се рутбаи генералӣ, як ордени Спитамен дараҷаи 2 ва як медали Ҷасорат ба кормандони КҲФ. Ҳамкоронро муборакбод мекунем!
Чоп шуд: 30/08/2022 | redaktor30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.