Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг

Дар асоси иҷрои банди 4, зербанди 10 –и Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022  аз 24 то 27 августи соли 2022  дар ноҳияи Ховалинг санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда»  гузаронида  шуд.

Рӯзи 26 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг машқи махсуси тактикии мудофиаи граждании ноҳия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби қувва ва воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳаи мазкур соҳилмустаҳкамкунӣ дар канали обгузари назди Пули мошингузари шоҳроҳ ва дар деҳаи Гулзор дар канали обгузари пули маҳаллӣ  бо ҷалби 3 адад техникаву механизҳо бо тариқи ҳашари  дастаъҷамъона гузаронида шуд.

Дар ин кори хайр 60 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ  ва  аҳолии  деҳаи  мазкур  ҷалб  карда  шудаанд.

Рӯзи 27 август бошад дар марҳилаи дуюми машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҳудуди маҳалаи Сохтумончиёни Ҷамоати шаҳраки Ховалингро бо мақсади ҳимоя намудани аҳолӣ ва бо таври амалӣ иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, эвакуатсияи аҳолии деҳа аз минтақаҳои хавфнок ба ҷой бехавф бо истифода аз нақлиёт ва пиёда, бо ҷалби хадамоти мудофиаи граждании ноҳия ба   мавзеъи фурудгоҳи Ҷамоати шаҳраки ноҳия ба шаҳрчаи хаймавӣ сафарбар карда шудаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки 20 адад нақлиётҳои гуногуни боркашу мусофиркаш  ва  зиёда аз 630  нафар аҳолӣ ба ин чорабинӣ ҷалб  карда  шуд.

 

М.Маҳмадзода, Сардори   Раёсат, полковник