Activities calendar

22 августа 2022

Рониши маргбори замин дар устони Карбалои Ироқ чаҳор нафарро ба ҳалокат расондааст

Бар асари ярч дар як зиёратгоҳи шиъаён дар устони Карбалои Ироқ 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои ироқӣ ахиран хабар додаанд, ки ба имдодгарон муяссар шудааст, ки шаш нафарро аз зери вайронаҳо ва хоку лой наҷот диҳанд. Аммо манбаҳои дигар аз наҷоти ҷони 8 нафар хабар додаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳанӯз теъдоде аз зоирини ин зиёратгоҳ, ки бо номи Чашмаи Имом Алӣ ёд мешавад, зери вайронаҳо мондаанд ва талошҳо барои наҷоти онҳо идома доранд.

Ҳалокати як писари 9-сола дар Ёвон. Оббозӣ мекард, волидонаш беназорат гузошта буданд

Дар як ҳодисаи нохӯш дар об як кӯдак ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 9 сол дошт ва агар волидонаш назорат мекарданд, ин фоҷеа рух намедод. Мо ҳамеша баъди марги азизонамон пай мебарем, ки онҳо бароямон азиз буданд. То ин замон бепарвоем. Мутааасифона.

Ҳодиса 21-уми августи соли равон рух дод. Соати 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...