Ҳалокати як писари 9-сола дар Ёвон. Оббозӣ мекард, волидонаш беназорат гузошта буданд

Дар як ҳодисаи нохӯш дар об як кӯдак ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 9 сол дошт ва агар волидонаш назорат мекарданд, ин фоҷеа рух намедод. Мо ҳамеша баъди марги азизонамон пай мебарем, ки онҳо бароямон азиз буданд. То ин замон бепарвоем. Мутааасифона.

Ҳодиса 21-уми августи соли равон рух дод. Соати 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як писараки 9-сола, сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали байнидеҳаҳо ғарқ шудааст.

Сабаби ин ҳодисаи ногувору фоҷеаи мудҳиш чуноне ёдовар шудем, бепарвоии волидон аст, ки ноболиғро беназорат гузоштаанд.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуд. Дирӯз то шомгаҳон ҷасадро кофтанд, вале натиҷа надод.

Корҳои ҷустуҷӯӣ аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз падарону модарон хоҳиш мекунад, тифлону фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус, дар соҳили дарёву каналҳо ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

ДОНИСТА БОШЕД: ФОСИЛАИ МАРГУ ҲАЁТ ДАР ОБ ҲАМАГӢ ЧАНД СОНИЯ АСТ, НА АЗ ИН БЕШ!!! 

барчасп: