Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 01/08/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2-4-уми моҳи августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар аст.