Тобистони имсол бо гармии худ аз солҳои пеш фарқ мекунад. Мо алакай шоҳиди он будем, ки дар водиҳои кишвар дамои ҳаво то ба 53-55 дараҷа расид ва дар навоҳии кӯҳистону доманикӯҳӣ ҳарорат то 45 дараҷа гарм шуд. Пӯшида нест, ки ҳавои гарм сокинонро бештар ба соҳиди кӯлу дарёву обанборҳо ва каналҳо ҷалб мекунад ва ҳамарӯза ҳазорон нафар дар соҳилҳо истироҳат мекунанд.
Вале мутаассифона, на ҳамеша ин истироҳатҳо хуш мегузаранд. Ҳодисаҳои ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудани одамон зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Тибқи омори ахир зарфи шаш моҳи аввали соли равон дар обҳои кишвар 58 нафар кӯдакону наврасони то 16-сола ғарқ шудаанд.
Метавон гуфт, ки ғарқ шудан дар обҳо як ҳодисаест, ки нисбат ба дигар рӯйдодҳои нохӯш дар фасли тобистон зиёд иттифоқ меафтад. Ва ғарқшавӣ сабабҳои аслии марг миёни бачаҳо дар фасли тобистон аст.
Мутахассисон чун чораҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш тавсия медиҳанд, ки бачаҳо бештар ба шиноварӣ омӯзиш дода шаванд. Бояд дар махзанҳои об кӯдаконро назорат кард, ки танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст ва бехатарии онҳо таъмин аст.
Волидонро лозим аст бачаҳои худро беназоат нагузоранд, ҳамеша бо онҳо бошанд, дар риояи қоидаҳои шиноварӣ кумак намоянд.
Мутахассисон мегӯянд кӯдак метавонад рӯ ба об уфтад ва ғарқ шавад. Дастони вай ҳоло қуввати бардошти тана ва ҷисми ӯро надоранд, аз ин рӯ, талош ҳам кунад, барояш мушкил аст бархезад. Дар ин синну сол кӯдак ҳатто дар обе, ки умқаш ҳамагӣ 10 см аст, метавонад ғарқ шавад. Фосилаи байни маргу зиндагӣ барои тифлакони шумо ҳамагӣ чанд сония аст, аз ин рӯ беназорату бепарво набошед.
ВА ЧАНД ТАВСИЯИ ДИГАР:
Ғарқшавӣ хеле зуд ва орому сокит фаро мерасад. Вақти ғарқ шудан касе садои фарёд ва гиряву лобаи касеро намешунавад. Онро танҳо бо чашмон метавон мушоҳида кард.
Ғайрқшавӣ метавонад дар муддати ҳамагӣ чанд сония рух медиҳад. Маъмулан ин замоне рух медиҳад, ки волидон кӯдаконро беназорат мегузоранд. Ҳатто ҳамагӣ чанд сония аз онҳо чашм кандан метавонад сабаби марг шавад.
ДАР ҲОЛИ ҒАРҚ ШУДАН БАРОИ НАҶОТИ ВАЙ ВОКУНИШИ САРЕЪ ВА ЗУД НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД.
- Агар зарфи ду дақиқа кӯдакро аз об берун оранд, хатаре ба саломатии вай таҳдид намекунад.
- Баъди ду дақиқаи ғарқшавӣ кӯдак аз ҳуш меравад.
- Баъди 4-6 дақиқа ба мағзи сари вай таъсире мерасад, ки метавонад ба зудӣ ӯро ба марг оварда расонад.
ҲАМЕША КӮДАКОНАТОНРО ДАР ҲАР СИННУ СОЛ НАЗОРАТ КУНЕД!
Агар тифли шумо ҳоло ба синни панҷсолагӣ нарасидааст, пас шумо ҳатман бояд бо ӯ бошед ва ҷиддан шиноварии ӯро назорат кунед. Ғафлати барои чанд сония ҳам фоҷеа метавонад оварад.
- Бачаҳо бояд шиноварӣ омӯзанд, вале шумо ҳаргиз бепарво набошед, ҳатто агар фарзандатон дарси шиноварӣ рафтаву омӯзиш ҳам дида бошад. Ҳаргиз интизори сигнали хатари ҳавзҳои оббозии умумӣ набошед, ин гуна зангҳо метавонанд зада нашаванд, метавонанд муддате аз кор монда бошанд. Яъне ҳамеша ба худ бовар кунед ва дар канори фарзандатон бошед.
- Агар шумо бо дигар оилаҳо ва шахсони калонсол ҳамроҳ истироҳа мекунед, пас метавонед бачаҳоро бонавбат назорат намоед. Аммо фосилаи навбатдорӣ кутоҳ бошад, то аз назорат хаста нашавед ва хастагӣ метавонад таваҷҷуҳи шуморо ба чизи дигар ҷалб намояд ва дар ин ҳол нохӯшие рух диҳад.
- Хуб мешуд агар бо ашёҳои шиноварӣ муҷаҳҳаз бошед, вале он ҳам наметавонад ҷойи назоратро бигирад.
- Кӯдаконро аз чорсолагӣ ба шиноварӣ омӯзиш диҳед, албатта дар ин ҳол ҳам бояд вазъи саломатии ӯ ба назар гирфита шавад.
- Дар ҳавзҳое оббозӣ кунед, ки наҷотдиҳандагон зери назорат доранд ва ҳатман бо тавсияҳои онҳо амал намоед.
Далер Сайфуллозода, Сардори Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник.