КҲФ: Рӯзҳои 13-14-уми август дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад
Чоп шуд: 13/08/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд.