КҲФ: Рӯзҳои 13-14-уми август дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд. 

Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, ҷӯйборҳо, каналҳоро аз хасу хасрӯбаҳо пок намоянд. Кумита хоҳиш мекунад аз рӯи эҳтиёт дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдарав, моҳидорӣ ба соҳили рӯдхонаҳо, чорвочаронӣ дар саҳроҳо худдорӣ намоянд.

Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, бахусус ронандагон ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

барчасп: