Баргузории маросими таҳвили кумаки башарӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ
Чоп шуд: 31/08/2022 | adminИмрӯз 31 августи соли 2022 дар ҳудуди Раёсати таъминоти моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб барои 1000 оилаи паноҳандагони эҳтимолӣ ва ашхосе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид.