Тӯфони нимагармсерӣ (субтропикӣ)- системаи обуҳаво, ки дорои хусусиятҳои ҳарду тӯфон: тропикӣ ва ғайритропикӣ мебошад. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри 20 назарҳои мухталифе дар мавриди вижагиҳо ва табақабандии чунин тӯфонҳо вуҷуд дошт. Маркази миллии тӯфонҳои Амрико соли 1972 шурӯъ ба шиносоии онҳо кард, дар ҳамон замон барои тӯфонҳои нимагармсерӣ (субтропикӣ) аз рӯйхати расмии тӯфонҳои тропикии ҳавзаҳои уқёнусҳои Атлас ва ҷанубу шарқи уқёнуси Ҳинд ном интихоб шуд.
Дар ҳамаи минтақаҳои олам, ки тӯфонҳои тропикӣ фаъоланд, охири тобистон, замоне, ки фарқияти ҳарорат миёни сатҳи уқёнус ва қабатҳои амиқи он бузургтар аст, ба ҳадди ниҳоӣ мерасад. Дар миқёси ҷаҳонӣ моҳи май дар ин маврид моҳи камфаъол ва сентябр нисбатан фаъол мебошад. Моҳи ноябр ягона моҳе мебошад, ки ҳамаи ҳавзаҳо ҳамзамон фаъоланд.
Мавсими тӯфонҳои тропикӣ дар қисмати шимолии уқёнуси Атлас аз 1 июн то 30 ноябр идома мекунад ва авҷи он ба моҳҳои август ва сентябр рост меояд. Тибқи оморҳои таҳлилшуда аксари тӯфонҳои тропикӣ дар ин минтақа 10 сентябр рух додаанд.
Дар қисмати шимолу шарқии уқёнуси Ором ин мавсим бештар дамом мекунад, вале ҳадди ниҳоии он то моҳи сентябр аст. Дар қисмати шимолу ғарбии уқёнуси Ором тӯфонҳои тропикӣ тамоми сол идома мекунанд, ҳадди камтар моҳҳои феврал ва март ва ҳадди ниҳоии он аввали моҳи сентябр мебошад.
Дар шимоли уқёнуси Ҳинд тӯфонҳои тропикӣ бештар аз моҳи апрел оғоз мешаванд ва то декабр идома мекунанд. Ду маротиба, дар моҳҳои май ва ноябр ба шиддат авҷ мегиранд.
Дар нимкураи Ҷанубӣ мавсими тӯфонҳои тропикӣ аз 1 ноябр то охири апрел давом мекунад ва нуқтаи авҷи он миёнаҳои феврал то аввали моҳи март аст.