Баргузории маросими таҳвили кумаки башарӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ

Баргузории маросими таҳвили кумаки башарӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ

Имрӯз 31 августи соли 2022 дар ҳудуди Раёсати таъминоти моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб барои 1000 оилаи паноҳандагони эҳтимолӣ ва ашхосе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид.

Дар маросими таҳавил раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, роҳбари Дафтари Комиссариёии Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хасегава Томонори ширкат намуданд. Ин ҳама таҷҳизот бо кумаки молии Ҳукумати Ҷопон аз тариқи намояндагии Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон харидорӣ ва таҳвил шуд.

Сарвари КҲФ зимни суханронии худ ба шарикони байналмилалӣ барои кумак изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки ҳадафи ин барнома расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолии ниёзманд ва зарардида аз офатҳои табиӣ мебошад.

Пагоҳ, 1 сентябр дар ҳудуди ноҳияи Балхии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани нуқтаи будубошӣ муваққатӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ, ки дар қаламрави яке аз воҳидҳои КҲФ ҷойгир мебошад, баргузор мешавад.

барчасп: