Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар Норак

Рӯзҳои 28-30 апрели соли 2025 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳо, сардорони мудофиаи граждании хадамот, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Норак оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҷамоатҳои деҳот, иншоотҳои иқтисодӣ, раисони маҳалаҳо, гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот ва аҳолии шаҳри Норак доир ба мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии шаҳр оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва хавфи зериобмонӣ қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр», ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар рафти гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣз аз рӯзи 28-апрели соли 2025 то охири машқ чорабиниҳои пешгирикунандаи корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, тоза намудани селроҳаҳо, корҳои соҳилбандӣ дар соҳили дараоби Сафедоб воқеъ дар маҳалаи Ӯзбеклангар бо ҷалби 1- адад трайлер, 1-адад экскаватори тасмачах, 2-адад автомашинаи боркаш дар масофаи 150-метр, тоза намудани ҷӯи селгузар дар қисмати ғарбии деҳаи Ӯзбеклангар бо ҷалби 1-адад экскватори тамғаи “Беларус” ба масофаи 55-метр, тоза намудани сои селгузар дар мавзеи “Ҷуруҷ” воқеъ дар қисмати шарқии маҳалаи Ӯзбеклангар ба масофаи 400-метр, тоза намудани ҷӯи обгузар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо ҷалби 1-адад экскаватор, 1-адад боркунаки фронталӣ, 1-адад автомашинаи боркаш ба масофаи 230-метр, тоза намудани селроҳа дар мавзеи Чал-Чали ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо ҷалби 1-адад трайлер, 1-адад экскаватори тасмачарх ба масофаи 200-метр ва тоза намудани селроҳа дар мавзеи Сарибора, минтақаи манзилии №2 бо ҷалби 1-адад трайлер ва 1-адад экскаватори тасмачарх ба масофаи 150-метр корҳо иҷро гардиданд.

Аҳолии эвакуатсияшаванда дар минтақаҳои таҳти таҳдиди хатари қарордошта, баъди гирифтани бонги «Хатар», аввал дар нуқтаи ҷамъшавии эвакуатсионӣ воқеъ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ҷамъ гардида, дар комиссияи бақайдгирӣ сабти ном шуданд. Сипас бо тариқи 29-адад воситаи нақлиёти мусофиркаш ва махсус 460-нафар ва тариқи пиёда 900 нафар аҳолии деҳоти мазкур ба нуқтаи қабули эвакуатсионӣ воқеъ дар варзишгоҳи маҳаллаи мазкур, ки дар минтақаи баланди бехатар ҷойгир аст, сафарбар карда шуданд. Дар нуқтаи қабули эвакуатсионӣ, аҳолии эвакуатсияшуда аз қайди комиссияи бақайдгирии нуқтаи қабул гузаронида шуда, баъдан дар шаҳрчаи хаймавии таъсисдодашуда, дар хаймаҳо ҷо ба ҷо карда шуданд.

 Бояд қайд намуд, ки дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ 1804 нафар ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, коргарону хидматчиёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иншооти иқтисодӣ, аҳолӣ ва 85-адад техникаю механизмҳои муҳандисӣ, нақлиёти боркашу мусофиркаш ва махсусгардонидашуда ҷалб карда шуданд.