Activities calendar

25 майи 2025

Шанбегии ҳайатии шахсии Кумита дар Маркази тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагон

22 майи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Маркази тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагон воқеъ дар деҳаи Қаратоғи н.Шаҳринав шанбегии дастаҷамъона бо ҷалби ҳайати шахсии гариизони Душанбе баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳони муосир дар самти огоҳонӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани