Activities calendar

05 майи 2025

Тамрини “Рӯзи мудофиаи намунавӣ” дар Шаҳринав

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар муассисаи томактабии №2-и «Моҳичаи тиллои» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода, кӯчаи А.Зоидов «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўъи «Амали ҳайати  неруҳои ғайриҳарбӣ (омўзгорону кормандон) ва таълимгирандагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дошта (Заминларзаи 6-7 бала)» гузаронд.

Дар чорабинӣ ҳайати мураббиён, кормандони техникии муассиса ва хонандагон иштирок карданд.