Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар муассисаи томактабии №2-и «Моҳичаи тиллои» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода, кӯчаи А.Зоидов «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўъи «Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ (омўзгорону кормандон) ва таълимгирандагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дошта (Заминларзаи 6-7 бала)» гузаронд.
Дар чорабинӣ ҳайати мураббиён, кормандони техникии муассиса ва хонандагон иштирок карданд.
Дар ин тамрин мудири шуъбаи маориф, ҳайати шахсии бахши Кумитаи ҲФ ва МГ дар ноҳия, 25нафар директорони муассисаҳо, 3 нафар ҷонишини директор оид ба таълим, омўзгорони омодагии дифои ҳарбӣ, 42 нафар мурабиён ва кормандони техникии муассиса, 350 нафар кӯдакони муассисаи мазкур иштирок доштанд.
Ҳамчунин як адад техникаи Раёсати наҷоти Кумитаи ҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 5 нафар корманд, як адад техникаи махсуси сўхторхомушкунӣ бо 5 нафар кормандони соҳа ва як адад автомашинаи махсуси ёрии таъҷилӣбо 3 нафар корманди соҳаи тиб ҷалб карда шуданд.