Activities calendar

04 майи 2025

Дарефти ғарқшуда аз тарафи кормандони КҲФ Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад: Рӯзи 2 майи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа, дар деҳаи Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, ноболиғ Ҷамолиддини  Акбаралӣ, санаи таваллудаш 7 марти соли 2013, сокини ҳамин деҳа, бо ҳамроҳии бародараш дар доманакуҳ ҳангоми чаронидани чорво машғул буд. Бар асари боронҳои шадиди пай дар пай ва омадани сел, ӯ зери об монда, ба ҳалокат расид.