Activities calendar

21 майи 2025

Ҳушдори КҲФ аз борону селҳои чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ  дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои пуршиддат метавонанд омили омадани ...

Ҳалокати 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мошин дар Қазоқистон

20-уми майи соли 2025 соати 07:09 дақиқа дар  роҳи мошингарди ҷумҳуриявии “Алмаато-Екатеринбург” наздикии нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Кайрак”-и ноҳияи Карабалики Ҷумҳурии Қазоқистон микроавтобуси тамғаи «Ford» ба як мошини боркаш бархӯрд.

Бар асари ин ҳодиса 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 нафар, аз ҷумла ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Карабалик интиқол дода шуданд.