Activities calendar

07 майи 2025

Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 8-10-уми май

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 8-10-уми майи соли равон дар ҷумҳури тӯфони гарду ғубор пешбинӣ шудааст. Бино ба гузориши манбаъ дар ин рӯзҳо бод ба суръати 15-20 м/с хоҳад вазид. Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди шарду ғубор дар атмосфера мешавад.

Омодагӣ ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қойдаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2025 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади санҷидани ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитарию профлактикӣ, варзишию солимгардонӣ бо шахсони масъули иншооти номбаршуда дар шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд.