Омодагӣ ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қойдаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2025 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади санҷидани ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитарию профлактикӣ, варзишию солимгардонӣ бо шахсони масъули иншооти номбаршуда дар шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд.  Мақсад аз ташкили чорабиниҳои мазкур пешгирии ҳодисаҳои нохӯши ғарқшавӣ мебошад, ки ҳамасола бо фаро расидани рӯзҳои гарм оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон табдил меёбад.   Тибқи нақша-чорабиниҳо гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар ин самт дар дигар шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд  дар назар дошта шудааст.