Activities calendar

30 майи 2025

Савганди навасакарони даъвати баҳорӣ дар Суғд

29-уми майи соли 2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули савганди ҳарбии наваскарони даъвати баҳории соли 2025  баргузор гардид.

 Дар маросим муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён, муовини Раиси шаҳри Гулистон  Даврон Муҳаммадзода, меҳмонон ва волидони наваскарон иштирок намуданд.

Ҳушдор аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои оянда. Хатари омадани сел вуҷуд дорад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои  31-уми май то 2-юми июни соли ҷорӣ бо сабаби боронҳои пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Машқи омӯзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо мақсади иҷроиши талаботҳои Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, дар ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 27 – уми майи соли 2025 дар КВ “Пойгоҳи Локомотивии Душанбе”-и КВД  “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, машқи ғайринақшавии тактикии махсуси мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми ба амал омадани заминларзаи қувааш 6-7 балла ва бартарафкунии оқибатҳои он», гузаронда шуд.