Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 31-уми май то 2-юми июни соли ҷорӣ бо сабаби боронҳои пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.
Кумита аз сокинони бо эҳтиром хоҳиш мекунад каналҳо, ҷӯйборҳо, селроҳаҳои назди хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна селовардаҳо, баргҳои хазон, регу шағал тоза кунанд, то оби зиёд ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва сабаби ворид шудан ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигӣ нагардад.
Аз ронандагон хоҳиш мешавад дар рӯзҳои сербориш ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло набаранд. Фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва сабаби садамаҳо нагарданд.
Аз волидон хоҳиш мешавад бачаҳои ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Маъмулан селҳо ногаҳон меоянд ва ин хатар ба ҷони кӯдакону наврасон дорад, агар онҳо дар ин вақт дар маконҳои селгузар бошанд.