Мулоқоти Раиси Кумита бо роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе
Чоп шуд: 14/05/2025 | redaktor
Санаи 12 майи соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷаноби Юкка Туононен баргузор гардид.
Раиси Кумита қайд намуданд, ки аз соли 2019 то ин ҷониб ҳамкориҳо бо Дафтари САҲА хуб ба роҳ монда шуда, маҳз бо дастгириҳои пайвастаи ташкилот ба Кумита муяссар гардид, ки Маркази тамринии наҷотдиҳандагонро, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, бо талаботҳои замони муосир бунёд намуда, барои то ба анҷом расонидани Марказ эҳтиёҷоти маблағҳои иловагиро низ қайд намуданд.
Аз кӯмакҳои ташкилот дар самти таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ибрози андеша намуда, миннатдорӣ баён намуданд.