Санаи 12 майи соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷаноби Юкка Туононен баргузор гардид.
Раиси Кумита қайд намуданд, ки аз соли 2019 то ин ҷониб ҳамкориҳо бо Дафтари САҲА хуб ба роҳ монда шуда, маҳз бо дастгириҳои пайвастаи ташкилот ба Кумита муяссар гардид, ки Маркази тамринии наҷотдиҳандагонро, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, бо талаботҳои замони муосир бунёд намуда, барои то ба анҷом расонидани Марказ эҳтиёҷоти маблағҳои иловагиро низ қайд намуданд.
Аз кӯмакҳои ташкилот дар самти таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ибрози андеша намуда, миннатдорӣ баён намуданд.
Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷаноби Юкка Туононен, барои қабули гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманд бо САҲА низ ибрози андеша намуданд. Қайд намуданд, ки онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳо бо ин ташкилот фаъолона кор намуда истодаанд. Бо хушнудӣ иброз намуданд, ки дар самти ҳолатҳои фавқулода кору фаъолият менамоянд.
Инчунин, дар кадом самт ва ба кадом эҳтиёҷотҳо ниёз доштани Кумита масъалагузорӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
-
Ташкили давраҳои омӯзишӣ барои пешрафти самти фаъолият;
-
Рушд ва дастгирии идомаи сохтмони Маркази тамринӣ барои вокуниши фаврӣ дар самти наҷоти саривақтии шаҳрвандон;
-
Ташрифи Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷаноби Юкка Туононен, ба Маркази тамринии Қаратоғ.