Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои пуршиддат метавонанд омили омадани селҳо шавад.
Рӯзҳои 23-24 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва рӯзи 23-уми май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ (тӯфоне, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва шимолу-ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) эҳтимоли баланд шудани ҳолати олудагии ҳавои атмосфера аз гарду хок, зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад аз қабл ҷӯйбору заҳбурҳо ва селроҳаҳои манотиқи худро тоза кунанд.
Дар чунин рӯзҳо рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, ба саҳро чорвочаронӣ маслиҳат нест.
Эҳтиёт кунед ва кӯдакони худро беназорат нагузоред!