Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2-4-уми моҳи августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва сари вақт тадбирҳои бехтариву амнияит андешанд. 

Барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохӯши сел сари вақт ҷӯйборҳои назди ҳавлиҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳоро тоза кунанд, то сел бе монеъа гузарад ва вориди хонаҳо нашавад.

Рафтан ба чорвочаронӣ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму алаф низ маслиҳат нест. Муваққатан худдорӣ кардан аз ин корҳо ба манфиат аст.

КҲФ аз кӯҳгардону сайёҳон ва дӯстдорони сайру сайёҳат дар кӯҳҳо  тавсия медиҳад, ки ҳамеша қоидаҳои бехатариро рияо кунанд. Риояи фосила ҳангоми сафар мувофиқи мақсад ва гарави бехатарист.

барчасп: