Идомаи боронҳои селовар дар 9 вилояти Эрон

Созмони ҳавошиносии Эрон аз идомаи боронҳои пуршиддати селовар дар 9 вилояти ин кишвар хабар дод. Бино ба гузориши хабаргузории Тасним боронҳои мавсимӣ дар Эрон даҳҳо нафарро ба ҳалокат расонд. Хабаргузориҳои Эрон то кунун аз ҷон бохтани 61 нафар бар асари резиши боронҳои шадид ва селобҳои вайронгар дар ин кишвар хабар доданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон мегӯяд 24 устон аз 31 устони Эрон таҳти таъсири сел ва паёмадҳои он қарор гирифтава беш аз 3 ҳазору 500 нафар ҳам дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодаи эълоншуда қарор доранд.

Ҳамзамон Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар сафаре, ки ахиран ба минтақаҳои селзадаи шаҳристони Фирӯзкӯҳ дошт, гуфта, ки неруҳои имдодӣ бо тамоми тавон  дар ҳоли имдодрасонӣ ба мардум ҳастанд. Аммо дар ҷараёни суханрониаш ба эътирози мардум рӯбарӯ шуд. Онҳо ба раиси ҷумҳур мегуфтанд, ки дар  ин  маврид дигар “ҳарф ба дард намехӯрад”. 

Хабаргузории Тасним истинодан ба созмони ҳавошиносии Эрон хабар додааст, ки дар баъзе манотиқи устонҳои Форс, Бушаҳр, Ҳурмузгон, Кирмон, нимаи ҷанубии Систон ва Балуҷистон, Хузистон, Чаҳормаҳал ва Бахтиёрӣ, ғарби Язд ва ғарбу ҷануби Исфаҳон борони шадид меборад ва раъду барқ дар назар дошта шуда, вазиши боди шадиди муваққатӣ сабабгор гардхок мешавад.

Бино ба гузоришҳои расида боронҳои селовар ахиран 111 шаҳр, 310 деҳа ва дар маҷмуъ 31 вилояти Эронро фаро гирифтанд.  

барчасп: