Швейтсария ва Италия хати марзии ду кишварро тағйир медиҳанд. Сабаб об шудани пиряхҳост
Чоп шуд: 01/10/2024 | adminШвейтсария ва Итолиё маҷбур шуданд, ки қисмати марзи миёни ду кишварро дар кӯҳҳои Алп бикӯчонанд, зеро тағйироти иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии пиряхҳо ва тағйири шакли қаторкӯҳҳои ин минтақа шудааст. Бахше аз ин манотиқи аз тағйирот зарардида дар нишебиҳо ва дар доманаи Маттерхорн, яке аз куллахои баландтарини Аврупо, ки машҳуртарин осоишгоҳҳои лижаронӣ низ воқеъ шудааст, мегузарад.