Ҳаводиси олам

Шумори куштагони заминларза дар Ҷопон рӯ ба афзоиш аст

 japan
Бар асари як заминларзаи шадид дар Ҷопон беш аз 30 нафар ҷони худро аз даст доданд ва бино ба гузориши мақомоти давлатӣ шумори ҳалокшудагон рӯ ба афзоиш аст. Мақомоти давлатӣ аз вайрониҳои бештари ин зилзила ҳушдор дода гуфтаанд, ки ҳаҷми зарари расидаро танҳо баъди анҷоми корҳои наҷот метавон дақиқ эълон кард.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида гуфтааст, ки “Заминларза хисороти калон ворид овард, хонаҳои зиёде хароб шуданд, сӯхтор рух дод, одамон ҷон бохтанду ҷароҳат бардоштанд”. 

Шумори куштаҳои заминларзаи Марокаш ба 2421 нафар расид (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Марокаш шумор куштагони заминларзаи ахир дар ин кишварро 2421 нафар эълон кард. Аз захмиву маҷрӯҳ шудани 2159 нафар низ хабар дода мешавад, ки 1504 тани онҳо дар ҳоли вазнин мебошанд.

Заминларзаи шадид ҷануби Марокашро рӯзи 9-уми сентябри соли 2023 такон дод, ки қувваи он дар марказаш 70 км...

Обхезии бесобиқа дар Италия 13 нафарро ҳалок ва ҳазорон нафарро маҷбур ба фирор аз манзилҳояшон кард

Бар асари обхезӣ дар Италия 13 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 13 ҳазор тарки манзилҳои худ карданд. Аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир ҳамаи дарёҳо миёни шимолу шарқи соҳилҳои Руминия ва шаҳри Болоня, ки 115 километр дуртар аз ҳам ҷойгиранд, лабрез шуданд ва об аз соҳилҳои маъмулӣ берун шуд.

Истиқоматгоҳҳо, зироати кишоварзон зери об монд, 400 роҳи мошингард хароб гардид.

Баъди гуфтушунидҳои бисёрсола Муоҳадаи ҷаҳонии ҳифзи уқёнусҳои олам қабул шуд

Беш аз сад кишвари олам билохира, баъди гуфтушунидҳои бисёрсола муоҳадаи таърихии ҳифзи Уқёнуси оламро қабул карданд. Ин муоҳада дар назар дорад, ки то соли 2030 30% қаламрави Уқёнуси олам ба ҳудуди ҳифозатшаванда табдил ёбад ва ин имкон хоҳад дод, ки олами наботот ва ҳайвоноти баҳру уқёнус дубора барқарор шавад.

Заминларзаи Туркия ва Сурия. Шумори қурбониён аз 20 ҳазор нафар гузашт. Аввалин кумакҳои башарии СММ ба зилзилазадгони Сурия расид

Шумори умумии ҳалокшудагон дар заминларзаҳои Туркия ва Сурия аз 20 ҳазор нафар гузашт. Ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ сарозер шудаву садҳо ҳазор нафар бе хонаву ҷо мондаанд. Амалиётҳои наҷот бо кумаки имдодгарони ватаниву хориҷӣ ба шиддат идома дорад, вале умедҳо барои зиндамондагон дар зери вайронаҳо хеле кам аст. Бо гузашти рӯзҳо пайвандони афроди зери биноҳо монда бештар ноумед мешаванд.

Страницы