Бар асари обхезӣ дар Италия 13 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 13 ҳазор тарки манзилҳои худ карданд. Аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир ҳамаи дарёҳо миёни шимолу шарқи соҳилҳои Руминия ва шаҳри Болоня, ки 115 километр дуртар аз ҳам ҷойгиранд, лабрез шуданд ва об аз соҳилҳои маъмулӣ берун шуд.
Истиқоматгоҳҳо, зироати кишоварзон зери об монд, 400 роҳи мошингард хароб гардид. Шабона наздик ба 280 ҳодисаи лағзиши замин ба қайд гирифта шуд. Ба ҳадде, ки мақомоти маҳаллӣ ба қароре омаданд, ки одамонро ба маконҳои амн интиқол диҳанд.
"Ин 48 соати бас мушкил буд. Об ва лойоба деҳаи моро пурра фаро гирифт”,- гуфтааст Роберт Лаззарании 71-сола.
Вазири мудофиаи граждании Италия Нелло Мусумечи изҳор доштааст, ки шароити хоси иқлими тропикӣ ҳоло ба Италия ҳам кӯч бастааст. Зарфи 36 соат 20 см боридааст ва дар баъзе ноҳияҳо то ба 50 см расидааст.
"Замине, ки солҳо хушк буд, билохира сахт мешавад ва зарфияти кашиши об дар он коҳиш меёбад”,- гуфтааст ӯ.
Нелло Мусумечи ҳамчунин изҳор доштааст, ки чиҳил сол аст, ки сарбандҳо дар ин минтақа сохта нашудаанд, чун ба ин ҳад бориш набуду гӯё этиёҷ ҳам набуд. Аммо ҳоло бояд ин зарурат ба назар гирифта шавад.