Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯи 12-уми май. Чӣ бояд кард? Чанд тавсияи муҳим
Чоп шуд: 11/05/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари тағйири боду ҳаво рӯзи 12-уми майи соли равон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.