Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои рӯзҳои 6-7-уми май
Чоп шуд: 03/05/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду