Activities calendar

31 майи 2023

Хабарҳои рӯзи гузашта: Садамаи мудҳиш дар Чоряккорон, ҳалокати ноболиғон

 Садамаи мудҳиш

30 майи соли 2023 тахминан соати 08:20 дақиқа дар ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки ба як сокини 27-солаи деҳаи Мирзочӯли ҷамоати деҳоти Чорякарон тааълуқ дошт ва аз ҷониби як хонандаи синфи 9 идора мешуд, ба контейнери канори роҳ бархӯрдааст.

Дар ин ҳодисаи мудҳиш ронанда бар асари ҷароҳати сахт дар ҷойи ҳодиса фавтидаст, ду писари дигари соҳиби мошин дар канали Ҳисор афтода, ғарқ шудаанд.