30 майи соли 2023 тахминан соати 08:20 дақиқа дар ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки ба як сокини 27-солаи деҳаи Мирзочӯли ҷамоати деҳоти Чорякарон тааълуқ дошт ва аз ҷониби як хонандаи синфи 9 идора мешуд, ба контейнери канори роҳ бархӯрдааст.
Дар ин ҳодисаи мудҳиш ронанда бар асари ҷароҳати сахт дар ҷойи ҳодиса фавтидаст, ду писари дигари соҳиби мошин дар канали Ҳисор афтода, ғарқ шудаанд.
Дастаи махсуси зудамали Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 09:30 дақиқа ҷасади ронандаи ноболиғро аз дохили автомашина бароварда ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Сабаби садама дақиқан маълум нест. Вале шоҳидон мегӯянд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад.
Волидон ба фарзандони ноболиғи худ набояд идои мошинро бовар кунанд. Оқибати ин саҳлангорӣ фоҷеаест, ки ҳоло дар борааш хондед.
**** ****** *****
Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, рӯзи 2-уми майи соли 2023 як сокини 14-солаи деҳаи Чугу, ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо сабабҳои номаълум дар канали деҳаи мазкур афтида ғарқ шуда буд.
Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ рӯзи 29-уми майи соли равон ҷасади ӯ 1 километр поинтар аз ҷои ҳодиса дар соҳили канал пайдо ва ба ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд.
**** ****** *****
30 майи соли 2023, соати 19:18 дақиқа як сокини кӯчаи Қурбонови Исмоили Сомонии пойтахт ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада ва хабар дод, ки як шохи бузурги дарахти чинор дар ҳоли садамавӣ қарор дорад ва ба роҳгузарон хатар таҳдид мекунад.
Бо дарёфти хабар кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 22:40 дақиқа хатарро бартараф намуданд.