Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубор дар қаламрави кишвар
Чоп шуд: 15/05/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 ба сабаби тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои олуда бо гарду чанг дар назар дошта шудааст.
Хокбориш ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубии ҳаммарз бо кишвари мо ворид мешавад.