Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар давоми се рӯз дар мавзӯи «Амалҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва истифодаи қувваю воситаҳо барои мудофиаи граждании вилоят» дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машқҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
Зимни тамринҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулода, низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, қувваю воситаҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни машқҳои омӯзишӣ дараҷаи омодагии аҳолӣ ба ҳимоят аз ярч, заминҷунбӣ таҳлил шуда, омодагии нерӯ ва васоити мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ карда мешавад.
Чорабиниҳои мудофиаи гражаднӣ дар саросари кишвар ба таври ҳамеша гузаронида мешаванд.