Дар шаҳри Кӯлоб соҳили сойҳо ва дигар махзанҳои обтоза карда шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии  офатҳои табиии эҳтимолӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳашарҳо ташкил ва гузарониданд. Онҳо селроҳаҳо, соҳили каналу обанборҳо, сойҳо ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.

Чунончӣ, дар сойи Тебалай, ки аз тариқи маҳаллаи Лоҳутӣ мегузарад, то пули мошингузари бозори  марказии Саховат бо иштироки 650 кормандони ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр партобҳо аз соҳилҳои сол ҷамъоварӣ ва берун бурда шуд.

Дар ҷараёни роҳандозии ин корҳо бо воситаи техникаи муҳандисӣ қисмати дохилии сойи Девонасой, ик аз маҳаллаи Хати роҳ мегузарад, тоза карда шуд. Дар натиҷа 50 метр масоҳат аз сангу регу дигар селовардаҳо пок карда шуд. 

Дар минтақаи хатарноки Гулрез-1 ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштирок хадамоти тиббӣ ва аҳолии маҳал бо ҷалби техникаи муҳандисӣ соҳили сой аз ҳар гуна сангу рег ва партобҳо поккорӣ карда шуд.  

Умуман дар ин ҳашар наздик ба 900 нафар сокинон  иштирок намуданд, 18 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб карда шуд ва масофаи 1059 метри мукааб аз ҳар гуна ифлоҳиову партобҳо тоза карда шуда, масоҳати 80 метри мураббаъ тӯр кашида шуд.

 

барчасп: